БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН - ВОРИСОНИ ОЯНДАИ МИЛЛАТ

Андеша: Ҷавонӣ – замони тавлиди шахсиятҳову ибтидои расидан ба муваффақиятҳо ва ноил гаштан ба дастовардҳои бузург дар оянда аст. Ҷавонист, ки орзуву муҳаббатҳо гул мекунанд, дар ин айёми покии хотира, иқдомҳои нав тавлид мешаванд ва роҳи минбаъдаи зиндагӣ муайян мегардад. Маҳз ҷавонист, ки инсон барои бартараф намудани монеаҳои ба амал омада, дар баробари илму донишаш аз таҷрибаи дигарон панд мегирад.

   Дар давоми соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ, саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд.

   Ҷавонон - ҳамчун нерӯи созандаю бунёдкор, дар пешрафти ҷомеаи навин нақши босазо доранд. Тарбияи дурусти онҳо, ки ворисони ояндаи миллату давлат ҳастанд, аз вазифаҳои муҳим маҳсуб мешавад.

   Ҷавононе, ки воқеан мамлакати худро дӯст медоранд ва ободиву тараққиёти онро мехоҳанд, бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир, аз таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт, воқиф бошанд ва бо ташаббускории худ барои расидан ба ҳадафу ниятҳои созандаи давлату миллати хеш кӯшишу талош намоянд. Ҳамзамон, мо ҷонибдори он ҳастем, ки ин қишри ояндасоз бояд моҳияти истиқлолияти давлати худро ба хубӣ дарк карда, ба рамзҳои давлатӣ ва забони модарӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром ва аз он ифтихор дошта бошанд.

   Таърих, то ҳол дар ёд надошт, ки ягон миллат солеро барои насли ҷавонаш бахшида бошад. Ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат,  буд, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Соли Ҷавонон “ эълон карда шуд.

   Андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонад.

   Мо ҷавонон ҳамчун қалби бедори Ватан,худро ба дарди Ватан дармон шуморида, саодатманду сарбаланд ва ифтихорманд аз он ҳастем, ки сазовори боварии боэътимоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидем. Фаромуш набояд кард, ки тақдири имрӯзу фардои Ватани азизамон дар дасти ҷавонони ватанпарвар аст. Пас моро месазад, ки барои рушди ин сарзамини пурганҷ саҳми арзандаи худро гузорем.

Аслидини Муҳсидин, мутахассиси шуъбаи молияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg