БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШРАФТИ ДАВЛАТДОРӢ АЗ УСТВОРИИ ВАҲДАТИ МИЛЛИСТ

Андеша: Ба рушду  нумӯъ ва  пешрафти  Ватани  азизам   менигарам, албатта ҳамаро дастоварди  бузурги  Истиқлолу Ваҳдат  медонам.

Ба  хурсандии кӯдакон ба  беғамии модарон  ба ободии  ҳар  як  кӯчаву  макон  назар  андӯхта,  мефахрам,  ки  ман ҳам  зодаи ин  Ватани биҳиштосо ҳастам. 

Ватане,  ки  занонаш ҳамчун  ниҳоди  қудратманди ҷомеа бо  иродаи  устувор  дар  бари  мардон  даст ба  ободкорӣ, давлатдорӣ  ва  ватансозӣ  дошта,  аз  рӯзҳои  аввали сари қудрат   омадани Пешвои  милат, Ҷаноби  Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Ватансозӣ, Ватандорӣ ва  ободокорӣ  мавқеи  устувор  доранд. 

Занони тоҷик хуб  дарк  месозанд, ки дар  саргаҳи далатсозию давлатдорӣ  ва  пойдории сулҳу суботи   ватани  азизамон нақши Пешво  бағоят  бузург  аст.

Занон,  низ  ҷавобан ба  ин  ғамхориҳои  беандоза ҳар  яке  кӯшиш ба  он  дорад,  ки  модари ғамхор, тарбиятгари насли  наврас, табиб , иқтисодчӣ ва ҳатто  дар  ҳимояи  марзу бӯми Ватан  ҷон  бар  каф истода, фаъол  бошанд.

Занону  бонувон бо  дарки  масъулияти  баланд орӣ  аз  тарсу мушкилӣ дар  соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ  низ саҳм мегузоранд.

Бо  шукргузорӣ  аз  тинҷиву  оромӣ ва  осудаҳолӣ кӯшиш  доранд,  ки дар ҳама соҳа мавқеи сазовор дошта  бошанд.

Ҳар  яке талош бар  он  доранд,  ки бо ҳидоятҳои  Пешвои  миллат соҳибмаълумот ё модари  босавод бошанд. 

  Ҳар  яке нури  чароғи  хонадон, танзимкунандаи рӯзгору нигоҳдорандаи анъанаву урфу одати  ниёгон бошанд. 

 Масъулияти баланди таълиму  тарбияи фарзандро бар  дӯш  дошта, амаликунандаи ҳар  як дастуру  супориши роҳбари  давлат ҳастанд.

Зеро,  ки  Пешвои  миллат, Ҷаноби  Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар  як  лаҳза  такя  ба  мо  модарону занони кишвар доранд.   

Зимни ҳар  як  суханронӣ  бо  меҳр  атрофи  пурқудратии модарону занон,  матонату  ғамхории  беандозаи модарон сухан  гуфта, бо  беҳтарин нигоҳи  ғамхорона ва падарона ҳар як гулдухтари  сухангӯву  сухандони  тоҷикро  дар  минбарҳо бо  таърифу  тахсин то ба арши боло  мебарад.     

Зиҳӣ  Пешвое,  ки  ба  мо  модарон тинҷиву осудагӣ, сулҳу  амонӣ  ва  пешрафту  мақому  манзалатро  арзонӣ  доштаву Ваҳдатеро,  ки орзуҳои ширини модарон дар  он  нуҳуфта  буд,  бо  ҷонбозиҳову   заҳматҳо,  бо  нотарсиҳо аз  макри  душманон ба  хотири ашки  чашми  занон ва  модарону ятимон ҳадя  сохтӣ.   

Чун дар арафаи  боз  як  ҷашни  муқаддас қарор дорем,  бояд қадркунандаи ҳар лаҳзаву ҳар  соат  бошем.

Бояд аз  ин имкониятхои муввафақ истифода  бурда,  бо  ифодаи нақши  занону  модарон дар  рушду  нумӯъи ҷомеа  ҳар яке  саҳмгузор бошем.

Ба  фарзандон тарбиятгари хуб ва  ободгари хонадони  хеш  бошем.

Дар  замири  фарзандон  дар  ин  лаҳзаҳои  ҳассоси  ҷомеа ,  масъулияти ватанпарварӣ  ва  меҳангароиро зиёд  намуда дар  таҳкими арзиши муҳими  давлатдорӣ  ва  Ваҳдати миллӣ нақши муҳим  дошта бошем…

Ҷашни  Ваҳдати  миллӣ ба  ҳама ватандорону  ватансозон  муборак  !

 

Қосимова Назокат –муовини  раиси

Кумитаи  Иҷроияи ҲХДТ  дар  ноҳияи  Абдураҳмони Ҷомӣ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg