МУЪМИНОБОД. Дар деҳаи Ободони ҷамоати деҳоти ба номи Шамсиддин Шоҳини ноҳияи Муъминобод бо сокинон маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Салоҳиддин Мирзобаротов ва муовини раиси Кумитаи иҷроя Гулсунбӣ Раҷабова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Масъулин дар назди иштирокдорон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии муҳтавои мулоқоти Сарвари давлат бо аҳли ҷомеаи кишвар аз 12.05.2018, баррасии муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар семинар-машварати кишоварзӣ дар ноҳияи Данғара аз 02.06.2018, афзоиш додани сафҳои ҳизб, зиёд намудани ташкилотҳои ибтидоӣ муқовимат бо коррупсияро баррасӣ карданд.