
Ҷайҳун: Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона» бо мақсади баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва ба ин восита муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, тарзи нигоҳ доштани он, супоридани саривақтии ҳаққи узвият ва тақвият бахшидани ҳуҷҷати ҳизбӣ вохӯрию мулоқот доир намуда, ҳамаи шаҳодатномаҳои ҳизбиро аз назар гузарониданд.
Тибқи рӯйхат ва пешниҳоди ҳисоботи омории ташкилоти ибтидоӣ маълум гардид, ки ҳамаи аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ дошта, бо варақаҳои шахсиашон мутобиқат менамоянд. Бояд гуфт, ки мушкили қарздорӣ аз аъзоҳаққӣ мавҷуд надорад.
Ҳамзамон, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва котиби он вазифадор гардиданд, ки баъзе камбудиҳои ҷойдоштаро дар муҳлатҳои наздиктарин ислоҳ менамоянд.