
Н.Хусрав: Тибқи дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ҷиҳати тарғибу ташвиқ ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии « Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Илм-фурӯғи маърифат» миёни хонадагони муассиаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, кормандони фарҳанг ва сокинони ноҳия пайваста мавриди баргузорӣ қарор дода ғолибонро муайян намуда, ба даври ноҳиявӣ пешбари шудаистодаанд.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ноҳия даври мактабии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар озмун 60 нафар хонандагони муассиса иштирок намуданд.
Иштирокчиёни даври аввал дар назди ҳакамон аз рӯи панҷ номинатсия, адабиёти классикӣ,адабиёти муоссир, адабиёти ҷаҳон,,эҷоди назму наср аз шоиру нависандогони классик, муоссир ва адабиёти ҷаҳонӣ мутобиқи замимаи 4-и бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021 № АП-43 шеъру достонҳо ва мазмуни хикояву достонҳоро қироат ва нақл намуданд. Ҳакамон ба довталабон байтҳои аввали шеъру достонҳоро пешниҳод намуда, идомаи онҳоро аз довталабон тақозо намуданд. Ҳакамон дар даври аввал 12 нафар иштирокчии озмунро, ки ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро гирифтанд, муайян намуда барои иштирок ба даври ноҳиявӣ пешбарӣ намуданд.