БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОҚИЛОНА ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗАМИН БА МАНФИАТ АСТ

Н.Хусрав.  Масъулини  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав тибқи  қақша-  чорабиниҳои  тасидқгардида  бо   усули «Хона  ба  хона»   бо сокинони  деҳаи  Олтинсой  ҷамоати  деҳоти «Истиқлол» дидан  намуда,   ба  сокинон  вобаста ба  ҳидоятҳои   Пешвои  миллат, Президенти  кишвар, Раиси  муаззами ҲХДТ  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон,  моҳияти  аслии  онро дар  раванди  корҳои  созандагӣю  бунёдкорӣ, бахшида ба истиқболи  сазовори 30- солагии Истиқлоли давлатӣ   суҳбаҳо гузарониданд.   

 Қайд  карда  шуд, ки  Пешвои  миллат аз  дастовардҳои  кишвар  дар  самти  истиқлолияти  озуқаворӣ  ва  бунёди  иқтидорҳои  нав  дар    соҳа    қайд  намуданд, ки  баланд  бардоштани  маърифати   оқилонаву  сариштакоронаи  истифодаи ҳар як ваҷаб замин ва аз як замин гирифтани ду ва ё се ҳосил  ва захираи дусолаи маводи хӯрока вазифаи ҳар  як  сокини  бо  нангу  ори  кишвар  мебошад.  Ҳамчунин татбиқии  ҳатмии қонунҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  « Дар бораи  танзими  анъана  ва  ҷашну  маросим дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон», «Дар  бораи   масъулияти  падару  модар  дар таълиму  тарбияи  фарзанд», моҳияти  қонунҳои  миллӣ ва  дар  ин  замина  дуруст тарбия  намудани  насли  наврас  мулоқоту  суҳбатҳо   баргузор  намуданд.  

        Сокинон  аз дастгирию   ғамхориҳои Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон нисбати  кишоварзон  руҳбаланд гардида, онҳоро муҳиму  саривақтӣ шуморида,    дар  ҷавоби  ин  ғамхориҳо  кӯшиш  ба  харҷ  медиҳанд, ки  ҷашни  Истиқлоли  давлатиро  дар  сатҳи  баланд  баргузор  намуда,  корҳои  ободонию  созандагиро  ба  роҳ монда,  таъмиру  рангубор  намудани  манзилҳояшон  ба  роҳ мемонанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg