БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ САҲМ МЕГУЗОРАНД

Фархор: Дар доираи нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба тарғибу ташвиқи пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва нерӯи барқ кормандони Кумитаи иҷроия бо усули «хона ба хона» дар ҳудуди деҳаҳои ҷамоати Гулшани  ноҳия гардиш намуданд.

Зимни гардиш бо сардорони оилаҳо оди самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва неруи барқ суҳбат намуда, ба онҳо дастур доданд, ки дар шароити пешомада кишту корро дар саҳро хуб бароҳ монанд ва ҳосили дилхоҳ ҷамоварӣ намуда, дар таъмини амнияти озуқавории хонавода ва мамлакат саҳмгузор бошанд.

         Дар ин рӯз аз тарафи масъулин ба сокинон маводҳои таблиғотӣ оиди пешгирии коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ тақсим карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg