БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амалисозии ҳадафҳои созандаи ҳизб дар деҳот

ҚУБОДИЁН. Дар деҳаи Зиракии ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзови ноҳияи Қубодиён ҷиҳати баррасии Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд доир гардид.

Дар рафти баррасии Паём  оид ба дастовардҳое, ки  дар тӯли даврони Истиқлолият таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардааст сухан намуда, вазифаҳои минбаъда барои рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа таҳлил карда шуд.

Доир ба суханронии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2018 раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Маҳмадаюб  Шарифзода сухан намуда, қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди пешбаранда ва нерӯи созандаву муттаҳидсози ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳофизати арзишҳои миллию фарҳангии кишвар дар ин самт салоҳият ва мартабаи баланд доштанашро нишон дода истодааст.

Гуфта шуд, ки аъзои ҲХДТ бо роҳбарии Раиси муаззами он дар ҳаёт татбиқ намудани орзуву омоли халқ фаъолона талош варзида, масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаро саривақту босифат ҳал карда, эътиқоду эътимоди мардумро нисбат ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бештар мегардонанд.                  

Бинобар ин, ба аъзогии ҳизб намояндагони ташаббускори соҳаҳои мухталифи ҷомеа, аҳли зиё, коршиносону сиёсатмадорон умуман фаъолони ҷомеа ҷамъ омада, барои амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҳизбӣ саҳмгузор мебошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg