
Восеъ: Дар асоси нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ баҳри баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МТМУ №68”-и ҷамоати деҳоти М.Вайсов амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман” баргузор гардид.
Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии номбурда, ҷиҳати муаян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, инчунин сари вақт пардохт кардани ҳаққи узвият, тақвият бахшидани тарзи дурусти ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ суханронӣ намуданд.
Инчунин аз ҷониби мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Солиҳов Фаррух ба якчанд нафар ҷавонони фаъол, ки аризаҳои худро барои аъзогӣ пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.