
Восеъ: Тибқи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ баҳри баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «МТМУ №14»-и ҷамоати деҳоти Абди Авазови ноҳия амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман” ва ҳамзамон вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи мазкур оид ба мулоқоти Пешвои миллат бо ҷавонони мамлакат баргузор гардид.
Масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, ҷиҳати муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, инчунин сари вақт пардохт кардани ҳаққи узвият, тақвият бахшидани тарзи дурусти ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, мутахасиси шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Олимов Раҳмоналӣ зимни мулоқот бо хонандагон оиди сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат нисбат ба ҷавонон, эҳтироми арзишҳои миллӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ ва дур будан аз хуруфотпарастиву майл ба фарҳанги бегона андешаронӣ намуд.