
Восеъ: Дар ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов Амалиёти умумиивилоятии “Рӯзи ёдоварӣ” ташкил ва гузаронида шуд. Дар аксия мазку сокинону имомхатибон ва ҷавонон ҷалб карда шуданд.
Қабл аз баргузории чорабинӣ овезаи Амалиёти умумиивилоятии “Рӯзи ёдоварӣ” насб гардида ба иштирокчиён оиди он маълумот дода шуд. Мардуми ҷамъомада аз баргузории ин ҳашари дастаҷамъӣ, ки ба манфиати худи онҳо мебошад, изҳори сипос баён намуда, ба корҳои ободонӣ аз ҷумла тоза кардани алафҳои бегона, рост кардани симтурҳо, об додани дарахтон машғул шуданд.
Дар ҳамаи оромгоҳҳои деҳаҳои Ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов наздики 300 нафар шаҳрванд ва имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ иштирок намуданд.
Бояд қайд намуд, ки охири ҳар моҳ дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Восеъ бо иштироки мутасаддиёни ҳизб ва дигар сохторҳои дахлдор Амалиёти умумиивилоятии “Рӯзи ёдоварӣ” ташкил ва гузаронида мешавад.