БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КӮДАКОНИ ХУШБАХТИ ИСТИҚЛОЛ

Восеъ: 1-уми июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон таҷлил мегардад. Мусаллам аст, ки кӯдакон ҷойнишини пирон дар зиндагӣ маҳсуб меёбад. Хандаи беолоиши тифлон шаҳодати хушбахтиҳо ва тенҷию оромии ҳар хонадон ва кишвар аст.

         Парастории кӯдакон аз муҳити оила ва сипас аз боғчаҳои сарчашма мегирад.

Хушбахтона, дар ноҳияи мо барои тарбияи дурусти тифлон 8 муассисаи таҳсилоти томактабӣ мавҷуд аст, ки бо ҳама лавозимоти зарурӣ аз қабили катҳо, бозичаҳои гуногун ва ошхонаву воситаҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, иброз намуд раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ зимни суханронии худ.

Бояд қайд намоем, ки дар кӯдакистони №1-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ  Рӯзи кӯдакон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд, ки хурсандии кӯдакон ҳадду канор надошт. Дар ин рӯз барои кӯдакон чорабинии фарҳангӣ барпо гардида, кӯдакон рақсу бозиҳо карданд ва шеърҳову сурудҳои аз бар кардаи худро дар назди модарон, мураббияҳо ва дигар иштирокдорони чорабинӣ қироат намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg