БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМЕША БА ВАТАН СОДИҚ БОШЕД

Бохтар: Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонони шаҳр” маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ доир шуд. Дар маҷлис масъалаҳои ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ ва интихоби раиси ташкилот муҳокима гардид. Зимни гузориши раиси ташкилоти ибтидоӣ таъкид  гардид, ки аъзои ҲХДТ дар ташкилот дар давраи ҳисоботӣ ба муносибати иду ҷашнҳо дар шаҳри Бохтар чорабиниҳои мухталифи варзишиву фарҳангӣ ташкил намуда, дар татбиқи  сиёсати  давлату ҳукумати дар самти ҷавонон саҳми арзанда гузошта истодаанд. Пас аз муҳокимаи масъалаи дуюм Мирзохониён Искандар бинобар сабаби иваз намудани ҷойи кор аз вазифаи раиси ташкилоти ибтидоӣ озод ва ба ҷои ӯ мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар  Рухшонаи Шералӣ раиси ташкилот таъин гардид.

Дар интиҳои маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллозода Насриддин ба муҳокима баромада, фаъолияти ташкилотро хуб арзёбӣ намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ҷавонон такя намуда, онҳоро ояндасози давлату миллат унвон кардааст. Аз ин рӯ, Шумо ҷавононро лозим аст, ки ҳамеша ба Ватану миллат содиқ бошеду дар паи омӯзишу азхудкунии  донишу савод.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg