
Ҷ.Балхӣ: Дар асоси нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баҳри баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Рашт Ҷамоати деҳти Узун амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман” баргузор гардид. Масъулини Кумитаи иҷроия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, ҷиҳати муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, инчунин сари вақт пардохт кардани ҳаққи узвият, тақвият бахшидани кори ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ суханронӣ намуданд. Инчунин, аз ҷониби сармуҳосиби кумитаи иҷроия дар ноҳия ҳуҷҷатҳои молиявии ташкилотҳои ибтидоӣ аз назар гузаронида шуданд.