Ҷ.Балхӣ: Бо мақсади дастгирии аҳолии осебдидаи деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти 20- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, тибқи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ як гурӯҳ волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иборат аз 10 нафар ба деҳаи мазкур сафарбар гардиданд.
Волонтёрон хонаҳои истиқоматии сокинонро, ки зери лойю об монда буданд, тоза намуда, барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ кӯмакҳои амалии худро расониданд.