БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ - ИФТИХОРИ МАН

ҲАМАДОНӢ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо масъулони ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Шабакаҳои барқ"-и ноҳия бо мақсади ташкили дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои узви ҳизб, сари вақт пардохт гардидани ҳаққи аъзогӣ ва баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб суҳбату вохурӣ гузарониданд.

Мудири шӯъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сайдалиев Гадоӣ, қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон поягузори сиёсии Тоҷикистон буда, бо ҳадафҳои созандаи худ кишварро шинохтаи ҷаҳон гардонида, сатҳи иҷтимоию иқтисодии аҳолиро беҳ гардонид.

Барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон узви ҲХДТ будан боиси ифтихор ва сарфарозӣ мебошад, зеро роҳбари ҳизб наҷотбахши миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg