
ХУРОСОН. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, дар доираи амалиёти ҳизбии "Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман" мудири шуъбаи таблиғот – иттилоот Назаров Аъзамљон бо кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Кумакрасон" суҳбату вохурӣ доир карда, оиди таҳкими фаъолияти ҳизбӣ, доштани шаҳодатномаи ҳизбӣ ва пардохти саривақтии ҳаққи узвият суханронӣ намуданд.