БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ – РУЙДОДИ АРЗИШМАНД БАРОИ МАРДУМИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН!

АНДЕША.  Аз 30-соли Истиқлоли Тоҷикистон ҳарф задан осон нест, зеро ин муҳлат барои таърих ночиз аст. Истиқлолият дар ҳар як давраи  муайяни таърихӣ мазмуни навро эҳё мекунад. Агар дар шароити   таърихии давраи копиталистии он маънои аз зери асорати мустамликадорӣ озод шуданро ифода мекард, пас дар аввали асри 21 ин мафҳум пеш аз ҳама ба истиқлолияти иқтисодӣ, ки ифодакунандаи асосии истиқлолияти сиёсӣ ва манфиатҳои миллӣ мебошад, таалуқ дорад. Аз ин рȳ асоси истиқлолиятро дар ҷомеа бе рушди иқтисоди миллӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.

         Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар ин давра  он қадар рушд кард, ки таърихи садсолаҳояш ба як дарсади он ноил нагардида буд.

         Истиқлолияти давлатии мо барои вусъат бахшидани дарки худшиносии ҳар як фарди ҷомеа, миллат такони бузург дод. Пайваста бо густаришу касби сифатҳои нави истиқлолияти давлатӣ дар ҷомеаи мо тамоили устуворе дар ташаккулу рушди истиқлолияти фардӣ ба аъло ба чашм мерасад.

         Агар дар солҳои истиқлол роҳбарияти олии кишвар ба кушодани роҳҳои нав, сохтани тунелҳо ва таъмири ҷодаҳои муносиб байни минтақаҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад, ин ба он маъно низ ҳаст, ки дар оянда шароитеро барои аз байн бурдани маҳдудиятҳои зеҳнӣ баҳам омадани сокинони ҳама маҳалу минтақаҳо барои ваҳдату ҳамбастагӣ хоҳем дошт.

         Лекин аз ҳама муҳим ва арзишматаринаш он аст, ки Истиқлолияти давлатӣ ба мо фурсати муносиб барои пешрафти босубот дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар дар шароити оромии комил фароҳам овард. Боиси сарфарозист, ки имрȳз мардуми шарафманду сарбаланди Тоҷикистон аз шаҳди истиқлолият баҳравар шуда, баҳри татбиқи орзую амалҳои чандинасраи миллии худ азму талош мекунанд.

Раиси КИ  ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

Файзизода К.Н

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg