БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ- ПОЯИ СУЛҲУ ЯГОНАГИИ МИЛЛАТ!

АНДЕША. Сулҳ - оштиву фарзонагū, якдигарфаҳмū ва толиби осоиштагū будани мардумро таxассум менамояд. Истиқлолият бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон берун овардан, ҳамдигарфаҳмиву миллатдўст будан аст.

Ибораи  ваҳдат – ин беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзўву армон, таҳкими давлат, наxоти миллат, рушди тоxикон ва ҳастии инсон дар ҳар давру замонро мефаҳмонад.

Истиқлолият ва сулҳи сартосарии Тоxикистон мавқеву мақоми онро дар миқёси xаҳон овозадор намуд. Имрўз иттифоқ ва ҳамдилии мардуми тоxик мавриди омўзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотхои бонуфузи олам гаштааст. Худшиносй ва худогоҳии миллй гўё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи вахдат, якдигарфаҳмū Истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рўзгори мардум рў ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рў меорад. Ба ақидаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалū Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ хаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, xомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо харгиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Маҳз бо кўшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулху ваҳдати миллū- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалū Раҳмон миллати парешони тоxик сарxамъ гашта, мамлакат обод шуд, пешрафт намуда, гул-гул шукуфт.  Имрўз нишоту хурсандии чеҳраи ҳар фарзандони фарзонаи кишвар шаҳодати  пойдории ваҳдату сулҳ дар Тоxикистони азизамон мебошад. Ва ин сулҳу ваҳдат мисли офтоб бар мо парафшонū менамояд. Биёед, онро чун xисму xон, чун гавҳараки чашм  нигоҳ дорем ва ба ҳар касу нокас  нагузорем, ки онро аз мо бигирад.

Мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар нохияи Панҷ Солиҳов Фирдавс

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg