ВАХШ. Бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Нуралиева Мадина дар Корхонаи дӯзандагии "Фирӯза"-и ҷамоати шаҳраки Вахш атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, омодагӣ ва таҷлили 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомад доир карда шуд.
Дар рафти ҷамъомад Нуралиева Мадина ба сухан баромада, қайд кард, ки сулҳу Ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.
Сулҳу Ваҳдат ба ҳам омадан, сар аз як гиребон берун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан аст.
Ваҳдат - беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.
Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ пандест аз гузаштаи дуру маънавиёти кишвар. Ҳамчунин қайд кард, ки танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.