ДӮСТӢ. Мувофиқи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳо бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ пайваста вохӯрию суҳбатҳо баргузор гашта истодаанд.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо як гурӯҳ занҳои фаъоли ташкилоти ибтидоии “Деҳқонобод”, ки ҳар кадоме дар вазифаҳои гуногун фаъолият мекунанд, вохӯрӣ доир ба мавзӯъи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила» баргузор карданд.
Масъулин зимни баромади хеш ба иштирокдорон ёдрас намуданд, ки мо занону бонувонро мебояд дар чунин шароити созгору осуда набояд ба зӯровариро дар оила роҳ диҳем. Сабабҳои пайдоиши чунин рафтору кирдор гуногунанд, мо бояд садди роҳи чунин амалҳои ношоистаро гирифта, худро аз он канорагирӣ намоем.
Иштирокдорони вохӯрӣ ба масъулин оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила саволҳо пешниҳод намуда, ба худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.