
КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии “Саъди Шерозӣ” бо иштироки корманди масъули КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – Саъбагул Валиева бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур корманди КИ ҲХДТ Саъбагул Валиева, ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, Муслим Лақаев иштирок ва суханронӣ намуданд.
Саъбагул Валиева зимни баромади хеш изҳор доштанд, ки имрӯзҳо бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо иншооти наву замонавӣ, аз ҷумла кӯдакистонҳо, марказҳои истироҳатию фароғатӣ ва боғу гулгаштҳо бунёд мегарданд, ки ҳамаи ин ба ҷаҳони зебоипарастии кӯдак ва ҳамчун инсони комил ба воя расидани онҳо таъсири мусбии худро хоҳанд расонид.