
ЁВОН. Санаи 30 майи соли равон дар оромгоҳҳи деҳаи Оби шифои Ҷамоати деҳоти Норин бо мақсади роҳандозӣ намудани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем» ва Амалиёти умумивилоятии “Рӯзи ёдоварӣ” ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид.
Мардуми деҳаи Оби шифо дар ин рӯз барои ободу зебо ва тоза намудан аз алафҳои бегона, нарм намудани бехи дарахтон ва додани об ба гулу бутаҳо дар оромгоҳи деҳаи мазкур сарҷамъона ба ҳашар баромада, як гӯшаи мавзеъро тоза намуданд.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар якҷоягӣ бо имомхатибон, масъулини ҷамоат ва бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Ҷамоат фаъолияти сокинони деҳаро назаррас арзёбӣ намуда, барояшон изҳори ташаккур намуданд.