БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХУРӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "АНОРБОҒ"

      ДӮСТӢ: Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки кормандони масъули Кумита дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Анорбоғ"-и Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл маҷлиси ҳизбӣ доир карда шуд.

       Дар маҷлиси мазкур ду масъала, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Анорбоғ" Раҳимов С ва аз нав интихоб намудани раиси ташкилот баррасӣ карда шуд.

      Аз рӯи масъалаи якум раиси ташкилоти ибтидоии "Анорбоғ" Раҳимов С, вобаста ба корҳои анҷомдодашуда дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳисобот дода қайд намуд, ки боиси ифтихори аст, ки мо аъзои ҲХДТ мебошем ва дар тамоми чорабиниҳои фарҳангию созандагӣ фаъолона иштирок менамоем.

       Инчунин дар рафти маҷлис дигар масъалаҳо, аз ҷумла аксияи "Шаҳодатномаи ҳизбӣ- ифтихори ман" ва иштироки фаъолона дар корҳои бунёдкорию созандагӣ вобаста ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg