БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ДАР «МАРКАЗИ САЛОМАТӢ»

ДӮСТӢ: Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маркази саломатӣ" бо иштироки масъулини Кумита  маҷлиси  навбатӣ гузаронида шуд.

      Дар маҷлиси мазкур ду масъала, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маркази саломатӣ" Шарипов Б ва масъалаи аз нав интихоб кардани раиси ташкилот баррасӣ карда шуд.

       Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Қурбонов А, оғоз намуда аз рӯи масъалаи якум ҳисоботи Шарипов Б оиди фаъолияти ташкилот дар шаш моҳи соли 2021 шунида шуда, вобаста ба пешрафту камбудиҳои ҷойдошта суханронӣ намуд.

       Аз ҷониби Раёсати маҷлис таъкид карда шуд, ки аз рӯи масъалаи дуюм моро лозим аст, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маркази саломати"-ро аз нав интихоб намоем.

    Ҳамин тариқ бо пешниҳод ва тарафдории аксарияти аъзоён Шарипов Б, аз нав раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маркази саломатӣ" интихоб гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg