
ДӮСТӢ: Вобаста ба самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замин, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, бо ташаббуси раис ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Шаҳдрез" Суфиев Т ва дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, Ҷалолов А дар деҳаи Шаҳдрези Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл бо дарозии 500 метр ҷуӣбор канда шуда, зиёда аз 3-га замин обёрӣ карда шуд.
Қайд карданд лозим аст, ки қитъаи замини мазкур чандин сол боз аз беобӣ кишт карда намешуд ва ба қамишзор табдил ёфта буд.
Айни замон ин қитъаи заминро сокинони деҳаи Шаҳдрез пурра истифода бурда дар он зироати шолӣ кишт намудаанд.