БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ ҲИЗБӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД.

ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази Назорати давлатии санитарию эпидемиологи”-и ноҳия бо иштирок, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоӣ доир шуд.

Дар он мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Иботов Диловар иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҳамзамон ҳисоботи ташкилот аз ҷониби Қурбонова Мушаррафа  хонда шуд. Дар идома масъалаи интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбь муҳокима гардида, корманди фаъоли ташкилоти ибтидоии номбурда, ки  солҳои зиёд бо КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ҳамкорӣ дошт, аз нав раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуд.

Дар охир аз ҷониби масъулини ҳизбӣ даъват ба амал оварда шуд, ки мо дар арафаи таҷлили ҷашни бузургӣ таърихӣ 30-солагии Истиқлолият давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва бинобар ин ҳамаи моро зарур аст, ки то ин ҷашни бошукӯҳ дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободониву хуррамгардонӣ иштирок намуда, саҳми худро дар пешрафту тараққиёт ва ободу зебо гардидани диёрамон гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg