БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СИМОИ ДЕҲА ДИГАР МЕШАВАЛ.

ВОСЕЪ. Бо мақсади саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва обод намудани як гӯшаи диёр дар деҳаи Хоҷағалтони болои ҷамоати деҳоти М.Вайсови ноҳияи сокинони меҳнатдӯст ва саховатманди деҳаи номбурда дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” барои бунёд намудани Маркази саломатӣ камари ҳиммат бастанд.

Ҳамзамон, сокинон иброз намуданд, ки авлоду аҷдодони мо ободкору созанда буданд ва мо инро ба мерос гирифта, ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии Истиқлоли Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизи худро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем.

Ҳамзамон иштирокдорони аксия иброз намуданд, ки воқеан ҳам, дастоварду пешравиҳо маҳсули заҳмати софдилонаи халқи азизи Тоҷикистон буда, моро водор месозанд, ки дар ояндаи наздик низ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият кунем ва барои сарсабзиву ободии Ватани маҳбубамон саҳми худро гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg