
Ш.БОХТАР. Пас аз баргузории маҷлиси ҳисоботи интихоботӣ дар ташклоти ибтидоии ҳизбии “Роҳанмо” бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ин ташкилот амалиёти “Шаҳоданомаи ҳизбӣ – ифтихори ман” доир гардид. дар назди ҳозирин раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳнамо” Шарифзода Шаъмигул доир ба шаҳоданомаи ҳизбӣ маърӯза намуда, ба чанд нафар аз аъзои ташкилоти ибтидоӣ шаҳоданомаҳои ҳизбӣ супориданд.