
А.ҶОМӢ. 01-уми июни соли равон дар толори ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки Муҳаммаддовуд Ҳалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Абдураҳим Амонзода-раиси ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ бо раисони кумитаҳои маҳалла, вакилони ҷамоатӣ, имомхатибон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳрак , оиди рафти қарор ва дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомотҳои болоии ҳизбӣ ва раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷиҳати омодагии ташкилоту муассисаҳо ва сокинони шаҳрак ба Истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Муҳаммаддовуд Ҳалимзода раиси кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб баромад намуда, аз ҷумла таъкид ба таъкид қайд кард, ки соли 2021 барои мардуми сарбаланди Тоҷикистон басо соли таърихист, зеро 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тозакориҳову созандагиҳо истиқбол мегирем.
Эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардум” аз ҷониби Роҳбари давлат боиси ифтихор ва сарфарозист, зеро тамоми деҳу маҳалли шаҳру ноҳияҳо обод гардида истодааст. “Имрӯз ҳар яки моро зарур аст, ки роҳҳои маҳаллии худро сангфарш намуда , гулу гулгаштҳоро тозаву озода карда, кӯчаҳои марказиву шаҳракро ба истиқболи ҷашн дар сатҳи баланди ташкилӣ омода намоем.