
А. ҶОМӢ. Дирӯз дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии идона баргузор гардид.
Дар ин рӯз ба беҳтарин волидайн,ки ба таълиму тарбияи фарзандашон таваҷҷуҳи доимӣ доштаву бо мактаб робитаи зич доранд, бо Сипосномаҳо рӯҳбаланд гардонида шуда кӯдакон бошанд бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Баъди сухани табрикотӣ барномаи рангини адабию мусиқӣ бо иштироки тарбиятгирандагони ин муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ манзур карда шуд, ки боиси болидахотирии кӯдакону наврасон гардид.