БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ-ҶАВҲАРИ ДАВЛАТДОРИСТ

АНДЕША. “Сарвари давлат ба мафҳумҳои “Ваҳдат” ва “Истиқлолият” маънои низомсоз медиҳад ва онҳоро бо ҳамдигар зич вобаста медонад. Дар ҳамин асос муътақид аст, ки ин арзишҳои муқаддас дӯстиву бародарии тамоми сокинони Ватани азизамонро таҳким мебахшанд. Дар  таълифи  Сарвари давлат масъалаи меҳварӣ, яъне  хештаншиносӣ ва  худшиносии  миллӣ  дар  ҷои  аввал  меистад. Ӯ гаштаву баргашта хотиррасон мекунад,ки инсон бояд қувва ва имконияти худро дар вобастагии  кулл бо доираи манфиатҳои миллӣ дарёбад, таърихи миллатро донад, худро нисбат ба тақдири Ватан масъул шуморад ва худкифо бошадСаймуъмин ЯТИМОВ, доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Вазири Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боиси  сарфарозист, ки имсол  дар  саросари  кишвари маҳбубу ҷоноҷонамон  Тоҷикистони азиз  ҷашни  30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад ва воқеан ҳам  бузургтарину муҳимтарин воқеаи таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб рафта, муқаддастарин   ҷашни  миллию  давлатии  мо  ватандорон  мебошад.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, калимае, ки вуҷуди миллату давлатро чун номуси ватандориву ватанпарварӣ тарбия намуда, мардумро ба ягонагиву сулҳу субот ва давлатро ба мустақилият аз дигар давлатҳо мубаддал мегардонад.Пас аз ба даст овардани истиқлолият, бо шарофати Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон марде, ки барои халқаш ҷонашро дар хатар гузошт, марде, ки мардумро барои сулҳ бастан сарҷамъ кард, марде, ки халқро аз гуруснагиву ҷангу ҷидол  раҳо кард ва давлати тоҷиконро бо роҳи сулҳу субот дубора сохт, давлати мо дар қатори  дигар  давлатҳои  дунё  обруву  нуфуз  пайдо  кард.

Таърихи сиёсии мамлакатҳои ҷаҳон борҳо собит сохтааст, ки раванди бунёди давлату давлатдорӣ мушкил буда, ҳар як марҳалаи рушди он хусусиятҳои хоси худро дорад. Ин марҳилаҳо метавонанд ором ва ё баръакс, муташанниҷу ноором ҷараён ёфта, хатарҳои бузургро дар роҳи мавҷудияти минбаъдаи давлат эҷод намоянд.

Маҳз аз ҳамин сабаб бисёр миллатҳо аз давлатдории худ бенасиб гардида, фарҳангу забони худро ба нестӣ дода, дар маҷрои пурталотуми таърих симои миллиашонро гум кардаанд, зеро натавонистанд имконияти таърихиеро, ки барои пойдории онҳо фароҳам овардашуда буд, мақсаднок истифода баранд.

Дар ин радиф тоҷикон, хушбахтона, аз ҷумлаи он миллатҳое мебошанд, ки тавонистанд ин имконияти таърихиро сазовор истифода баранд ва соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гарданд.

Халқи Тоҷикистон бо иродаи қавӣ, рӯҳияи шикастнопазир тавонистанд баҳри устувории истиқлолияту озодии Тоҷикистон ва якпорчагии Ватани азизамон саҳмгузор бошанд. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳифз намуда, давлати навини ҷавони тоҷикро аз хатари нобудшавӣ ва миллатро аз парокандагӣ наҷот доданд.

Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро, бо пешбурди «сиёсати дарҳои боз», роҳандозӣ кунад, Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ гардид, ки мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ устувор созад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи хоси худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кардааст ва дар сиёсати хориҷии худ соҳибташаббус мебошад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудани чандин пешниҳодҳои глобалии он далели возеҳи ин гуфтаҳост. Тибқи андешаи мантиқии Пешвои миллат, «Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонид».

Дар зарфи 30-соле, ки тоҷикон бо давлати мустақилашон зистанд, сиёсату иқтисодиёт ва тамоми соҳаҳои фаъолияти давлату давлатдорӣ ба таври мусбӣ табдил дода шуд, аз ҷумла кишварамон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлати транзитӣ ба давлати саноатикунонӣ табдил дода шуд, ба яке аз ҳадафҳои стратегиамон ба даст овардани Истицлолияти энергетикӣ ноил гаштем, ки ин ҳама бо шарофату дастгириҳои Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бигузор, ҷашни Истиқлолият ба кишвари мо шукуфоӣ ва пешравии ҳамаҷониба  ва  ба  мардуми  шарифи  Тоҷикистон  саодату пирӯзии комил оварад.

Муҳаммаддовуд Ҳалимзода, раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg