
ХУРОСОН. Бар асари борони пуршидат дар қисме аз деҳаҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷоми селзанӣ ба назар расида, наздики 20 хона тақрибан (осеб) диданд.
Дар ин росто кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон якҷоя бо волонтёрон барои ёрӣ расонидан ба хонаводаҳои осебдидагон ба ҷамоати деҳоти Ифтихор деҳаи Навобод рафта, ба сохтмони манзили зисти сокинони деҳаи болозикрро кумак расониданд.