ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо сокинони деҳаи Оби Тоири ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара суҳбату вохӯрӣ ва корҳои таблиғотӣ ҷиҳати ба аҳолӣ расонидани моҳияти дастуру супоришҳо ва таъкидҳои ба масъалаҳои иҷтимоӣ марбутбуда дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомоатчигии кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ки рӯзи 12.05.2018 баргузор гардида буд, доир карда шуд.
Дар рафти вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмаҳмад вобаста ба масъалаҳои иҷтимоии дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикргардида, суханронӣ намуда, аз ҷамъомадагон баҳри иҷрои саривақтии дастур супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат даъват ба амал овард.