
ФАРХОР. Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Фархор маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис дар баробари баррасии бурду бохти ҳизбиёни ташкилоти ибтидоӣ ваколати раиси собиқи ташкилоти ҳизбӣ Қурбонов Раҷабалӣ бинобар сабаби вафоташ қатъшуда ҳисобида шуда, сартабиби тозатаъини Беморхонаи марказии ноҳия Раҳмонов Турахон раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.
Дар кори маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назарзода Алӣ Исмон иштирок намуда, бо маърӯзаи муфассал дар назди иштирокчиёни маҷлис баромад намуд.