
ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади тарғибу ташвиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Фархор бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.
Зимни суҳбат бо сардорони оилаҳо оид ба аҳамияти сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ ва истифодаи мақсадноки заминҳои наздиҳавлигӣ суҳбат намуда, ба онҳо вақаҳои тарғиботиро дастрас карданд. Ҳамзамон, аз корҳои анҷомдодаи сокинон дар заминҳои наздиҳавлигиашон дидан намуда, барои захираи маводи хӯрока дар фасли сармо тавсияҳои судманд доданд.