
КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии “Саъдӣ Шерозӣ” бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Саъбагул Валиева, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Муслим Лақаев ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан Саъбагул Валиева дар баромади хеш изҳор дошт, ки имрӯзҳо бо дастгириии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо иншоотҳои наву замонавӣ, яъне кӯдакистонҳо, марказҳои истироҳатию фароғатӣ ва боғу гулгаштҳо бунёд мегарданд, ки ҳамаи ин ба ҷаҳони зебоипарастии кӯдак ва ҳамчун инсони комил ба воя расидани онҳо таъсири мусбии худро хоҳанд расонид.
Пас аз анҷоми суханҳои табрикотӣ наврасон бо барномаи рангини омодакардаи хеш табъи иштирокдорони чорабиниро болида гардониданд.