БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ РАИСИ КУМИТА БО СОКИНОНИ АЗ ОФАТИ ТАБИӢ ЗАРАРДИДА

КӮЛОБ. Дар маҳаллаи “Содиқов”- и шаҳр раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, роҳбари гурӯҳи таблиғотии №3  Гулрухсор Шарифзода бо сокинони осебдида аз офати табиӣ суҳбату вохӯрӣ анҷом дод.

Дар рафти суҳбат бо сокинони аз офати табиӣ зарардида, Гулрухсор Шарифзода изҳор дошт, ки ҳеҷ як хонавода аз мадди назари давлату ҳукумат дур намонда, пайваста зери таваҷҷуҳи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб   Гулрухсор Шарифзода ҳамарӯза бо сокинони маҳаллаҳои аз офати табиӣ зарардида суҳбату вохӯриҳои судманд анҷом дода мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg