БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- тарғибгари сиёсати имрӯза дар ҷомеа

ВОСЕЪ. Тибқи нақша чорабиниҳо вохӯрии навбатии  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Қайнари ҷамоати М.Вайсов бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ  Раҷабова Шаҳноза ва мудири шуъбаи ҷавонон ва варзиш Шарипова Фарзона баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ Раҷабова Шаҳноза оиди тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа, оиди пӯшидани либосҳои миллӣ ва пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун хатар ба амнияти миллӣ суханронӣ намуд.

Дар идомаи вохӯрӣ Шарипова Фарзона қайд намуд, ки бояд тамоми кӯшишу имкониятҳоямонро ба он равона созем, ки фарзандонамон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, омӯхтани илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ба камол расанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg