БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ - ИН ШАРАФУ НОМУСИ ВАТАНДОРӢ, ИФТИХОР АЗ ДАВЛАТУ МИЛЛАТИ ХЕШ АСТ

АНДЕША. Истиқлолият  барои мо яке аз муқаддастарин  арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Дастовардҳои дигари даврони истиқлолият ин дар кӯтоҳтарин муҳлат барқарор намудани сохти конститутсионӣ мебошад.

Истиқлолияти Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устуворро гузошт. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони биҳиштосо бо ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди соҳибкасб ва соҳибҳунар ба камол расидани насли шоистаи замон тадбирҳо меандешанд. Истиқлолият ба Тоҷикистон тамоми мустақилияти томро дар сиёсати дохилӣ, хориҷӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ,  вазъияти  иҷтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнақ медиҳад.

Яке аз пойдевори асосии нигоҳ доштани соҳибистиқлолии давлат ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ватани азизамонро аз вартаи порашавӣ ва парокандагии миллат наҷот дода, харобиҳои ҷанги бемаъниро аз байн бардошт. Шукргузорӣ  аз давлати соҳибистиқлоламон мекунем, ки ҳама сола беҳтар гардидани дараҷаи зисту зиндагии мардум худ ифодагари мусбии  Истиқлолият мебошад. Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол аст, мо соҳиби ҳамаи рукнҳои давлатдорӣ ҳастем.

Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон мақому эътибори давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо шарофати Сарвари маҳбуби кишвар пеш рафт, шуҳратёр шуд, миллати тоҷик дигарбора мақоми таърихии хешро дар ҷаҳон эҳё намуд. Акнун Истиқлолияти кишвар аз ҳисси ватандӯстии ҳар кадоми мову Шумо  вобастагӣ дорад. Ҳадафҳои Президенти кишвар дар бораи самаранок истифода бурдани замин, дар як сол аз заминҳои обӣ гирифтани ду – се ҳосилро ба вуҷуд овард.

Бо мурури замон ҳама душворию азиятҳо паси сар шуданду давлат орому миллатамон ҳамаи монеаву душвориҳоро  паси сар кардаанд, ки  имрӯз Тоҷикистонро тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мешиносанд ва чун қавми бузург эътироф мекунанд. Имрӯзҳо тамоми ҷаҳониён, Тоҷикистонро чун кишвари соҳибистиқлол, давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар мешиносанд, миллати тоҷик дар арафаи ҷашни 30 - солагии Истиқлолият  қарор доранд, ки ҳамаҷониба барои ободкорӣ ва  созандагӣ саъю талоши худро карда истодаанд. Имрӯз Тоҷикистони азизи мо таҳти сарварии фарзанди фарзонаи миллат, сарсупурдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли 30 – соли Истиқлолият ба дастовардҳои зиёде мушарраф гардида,  мардумро ба зиндагии шоиста  расонид.

Аз ин лиҳоз мо бояд ба қадри  ин неъмат Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бирасему кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки ягон бесарусомонӣ ба диёри мо наояд. Дар баробари ин мо бояд аз ин миллати обрӯманди худ биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем.

Акнун ҳамчун кишвари соҳибистиқлол мо мардуми Тоҷикистон Конститутсия, марзу бум, пули миллӣ, парчам, нишон, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, Забон ва маданияти худро дорем.

Чи хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти муҳбуби кишварамон  Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон мегӯянд, “Мо соҳибватанон бояд сарҷамъу аҳлона заҳмат кашем, Ватанамонро обод созем ва ба наслҳои оянда як мулки ободу давлати пешрафтаро ба мерос гузорем”.

Фикр мекунам, ки ин нуктаро ҳар як фарди худогоҳ ва ватандору ватандӯст ба мағзу ҷону устухони худ дарк намуда, барои боз ҳам ободу зебо гардидани Ватан талош меварзад.

Воҳид  Дилафрӯз Сафарӣ,  муовини раиси ҲХДТ  дар ноҳияи Данғара

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg