БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУН ДАР ШАҲРИ БОХТАР ДОИР ГАРДИД

БОХТАР. Дирӯз дар шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Б.Ғафуров дар шинохи асолати миллӣ” миёни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар доир гардид.

Дар рафти озмуни мазкур аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Шарифзода Шаъмигул, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Саидов Илҳом, аъзои ҳакамони озмун, хонадагон ва омӯзгорон аз муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханрони худ Шарифзода Шаъмигул иброз дошт, ки ба баланд бардоштани савод ва дониши хонандагон мусоидат хоҳад намуд. Озмуни  “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Б.Ғафуров дар шинохи асолати миллӣ” аз ҷониби Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ  миёни хонандагони синҳои 10-11-и муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ  ташкил ва гузаронида мешавад.

Маврид ба ёдоварист, ки озмуни мазкур бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаи иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақдими китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, ҳавасмандгардонии ҷавонон ба андӯхтани имлу дониш, ҳифзи ҳуввияти миллӣ, арзишҳои куҳанбунёди тоҷик, баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонон, бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, таблиғи дастовардҳои моддӣ роҳандозӣ карда шудааст.

Сипас, ҳайати ҳакамон ба ҳар як иштирокчӣ аз рӯи шартҳои озмун саволу ҷавоб карда, ғолибонро муйаян ва барои иштирок дар даври шаҳрии озмун пешниҳод намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg