БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАСТИИ МИЛЛАТ АЗ ВАҲДАТ САРЧАШМА МЕГИРАД

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онхоро намояд, решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.

АНДЕША. Ваҳдат калимаест, ки бо маънию оҳангаш шахсро ба ягонагӣ ва муттаҳидӣ даъват мекунад. Инсоният бидуни ягонагиву баробарӣ ба мартабаи имрӯзаи худ расиданаш номумкин аст. Маҳз ваҳдат инсониятро ба қуллаҳои баланди тараққиёт расонидааст.

Имрӯз танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо дар сурати вахдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад.

Имзои созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ба раванди музокироти сулҳи тоҷикон, ки аз 5 апрели соли 1994 шурӯъ шуда буд, анҷоми нек бахшид. Яке аз ҷанбаҳои муҳими ин Созишнома аҳамияти ҳуқуқӣ доштани Ваҳдати миллист, ки он барои риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар фарди кишвари мо нақши тақдирсозро дорад. Ҳамин аст, ки омади сулҳу пойдории Ваҳдат дар Тоҷикистони мо ба пойдории амният дар минтақа, ба нестӣ расидани таҳдиду харобкориҳо заминаи лозимаро гузошт.

Маҳз, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид. Бояд зикр кард, ки Сарвари давлати мо аз рӯзи аввали сари қудрат омаданаш баҳри ба даст овардани сулҳу субот ва оромиву осоиштагӣ хизматҳои зиёде кардааст ва сулҳофарӣ яке аз сифатҳои асосиашон мебошад. Маҳз бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат сулҳи тоҷикон бо дарёфти ҳадафи аслии таърихи миллат, яъне Ваҳдати миллӣ расид.

Расулов Азимҷон, барномасози Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg