![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/IMG_20210525_083156.jpg?itok=ZEBwd7jC)
ШАҲРИТУС. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти ба номи «Худойназар Холматов» бо мақсади муташаккилона доир намудани семинари дастурдиҳӣ оид ба гузаронидани амалиёти «Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман» доир гардид.
Дар семинари мазкур аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ таъкид гардид, ки мавҷудияти шаҳодатномаи аъзои ҳизб, мувофиқат кардани ному насаби аъзои ҳизб, ки дар шаҳодатнома дарҷ шудааст бо варақаи шахсии аъзои ҳизб, мувофиқат кардани рақами шаҳодатнома бо варақаи шахсӣ, дақиқ муайян кардани супоридани ҳаққи аъзогӣ дар шаҳодатномаи ҳизбӣ ва муқоисаи он бо ведомости пардохти ҳаққи узвият ва дар ҳолати муайян кардани қарздорӣ фавран пардохти он аз ҷониби аъзои ҳизб ҳатмист, дарҷи қайд дар шаҳодатнома оид ба аз қайдгузарӣ дар муддати 5-сол ва тарзи ногоҳ доштани шаҳодатномаи ҳизбӣ ҳатмӣ мебошад.