БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Созандагию бунёдкорӣ баҳри ободии кишвар мароми мост

ВАХШ. Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунии маҳали зист бо ташаббуси роҳбари намояндаги ТҶҶ "Созандагони Ватан" Файзуллоев Ҳабибулло дар ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш ҳашари умумихалқӣ таҳти шиори "Таблиғот тавассути созандагиву бунёдкорӣ" баргузор гардид.

Дар ҳашари умумӣ зиёда аз 100 нафар аъзо ва  ҷонибдорони ҲХДТ, аз ҷумла аъзои намояндагии ТҶҶ  "Созандагони Ватан" якдилона ба ҳашар баромада, гирду атрофи сохтмони синфхонаҳои иловагии муассисаи таълими рақами 11-ро тахту ҳамвор намуда,ҷӯйборҳои оби ошомидании байни деҳаро аз партовҳо тозаву озода карданд.Чунин корҳои  созандагиву бунёдкорӣ дар ҳудуди ноҳияи Вахш бо ҷалби  аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  идома доранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg