![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/IMG_20210529_112700.jpg?itok=0ec3OtwV)
ШАҲРИТУС. Бо дастгирии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шуъбаи маориф» дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар Шуъбаи фарҳанги ноҳия даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо пешбарии ҳайати комиссияи озмун 192 нафар довталаб хонандагони синфҳои миёнаву болоӣ дар 5 номинатсия, адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назму наср баргузор гардид.
Ҳамчунин ҳайати ҳакамони озмун маҳорату истеъдоди иштирокчиёнро натиҷагирӣ намуда, 52 нафар довталабон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияро мавриди санҷиш қарор дода, ғолибони даври дуюмро дар 5 номинатсия муайян карданд.