БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ КАЛИДИ САОДАТ

ШАҲРИТУС. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо гурӯҳи таблиғотии ноҳиявӣ вобаста гардида, дар якҷоягӣ бо гурӯҳи таблиғотии ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ Абдулмаинзода Зарина  муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллозода Фариза  Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва Абдурашидов Фозил  ҷонишини директори институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Донишии АМИТ дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти ба номи “Талбак Садриддинов”  мулоқот доир карданд.

Дар суҳбат масъулин дар бораи тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили ҷашни бузурги миллӣ 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ  андешаронӣ карда, аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки  дар татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат  бомасъулият ва ҷиддӣ бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg