БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“РӮЗӢ ЁДОВАРӢ” ДАСТГИРӢ ЁФТ

ҶАЙҲУН. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Яккадин», «8-март» ва «Дӯстии халқҳо»  оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Рӯзӣ Ёдоварӣ” дар деҳаҳои Яккадин ва Балхии ҷамоати деҳоти Яккадин доир карда шуд.   

Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Зайдуллоев Муҳамадҷон, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад, раиси ҷамоати деҳоти Яккадин Буриева Дилором, эмомхатиби деҳаҳои Балхӣ, Бӯстон, Яккадин, Горкий ва Киров иштирок доштанд. Дар ин рӯз сокинон, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои тоза намудани гирду атрофи ин оромгоҳҳо баромада, саҳми арзандаи худро гузоштанд.  Бояд қайд кард, ки чунин чорабинии мазкур оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо зери унвони “Рӯзӣ Ёдоварӣ” дар оянда низ аз ҷониби масъулин дар дигар маҳаллаҳои ноҳия ташкил ва гузаронида мешавад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg