БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАД: БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ИСТИФОДАИ ЗАМИН

Н.  ХУСРАВ.  Масъулини  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  бо   усули «Хона  ба  хона»   бо сокинони  деҳаи  Баҳори  ноҳия  суҳбати  сарироҳӣ  баргузор  намуда,  вобаста ба  ҳидоятҳои   Пешвои  миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон,  моҳияти  аслии  онро дар  раванди  корҳои  созандагӣю  бунёдкорӣ, бахшида ба истиқболи  сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  мақсади  тарбияи  ахлоқиву  маънавии  ҷомеа  нигаронида  буданашро   фаҳмонида  доданд.

Дар суҳбат қайд  карда  шуд, ки  Пешвои  миллат аз  дастовардҳои  кишвар  дар  самти  таъмини  амнияти озуқаворӣ  ва  бунёди  иқтидорҳои  нав  дар    соҳа    иброз доштанд, ки  баланд  бардоштани  маърифати   оқилонаву  сариштакоронаи  истифодаи ҳар як ваҷаб замин ва аз як замин се ҳосил гирифтан  ва захираи дусолаи маводи хӯрока вазифаи ҳар  як  сокини  бонангу  ори  кишварамон  мебошад. 

Сокинон  аз дастгирию   ғамхориҳои Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон нисбати  кишоварзон  руҳбаланд гардида, онҳоро муҳиму  саривақтӣ шуморида,    дар  ҷавоби  ин  ғамхориҳо  кӯшиш  ба  харҷ  медиҳанд, ки  ҷашни  Истиқлолияти  давлатиро  дар  сатҳи  баланд  баргузор  намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg