БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЁДАТИ МОДАРОН БО АФСАРОНУ САРБОЗОНИ ҚИСМИ НИЗОМӢ

Н.ХУСРАВ. Кормандони Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар ҳамкорӣ  бо  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  ноҳия  ба  хотири  баланд  бардоштани  сатҳи  тарбияи ҳарбӣ-  ватандӯстии  ҷавонон ва руҳбаланд  намудани  афсарону  сарбозони  қисми  низомии   дидбонгоҳи  сарҳадии  «Сангоба», ки дар  ҳудуди  ноҳия ҷойгир  мебошад, бахшида ба  Рӯзи  сарҳадбонон ташриф оварда, аз  шароити  хизмат  ва  буду бошии  онҳо дидан  намуданд ва  афсарону сарбозонро  ба  рӯзи  иди  касбияшон   Рӯзи  сарҳадбонони Тоҷикистон  табрику  муборакбод  гуфтанд.  Ҳамчунин   ташкилотҳои  ибтидоии  ҳизбии  КФВД «Заминсоз» ва  «Хоҷагии  ҷангал» -  ноҳия  барои  сарҳадбонони қисми  низомии  мазкур  дастархони  идона  бо  хӯрокҳои миллӣ ороста, бо онҳо суҳбати самимона анҷом доданд.

Узви  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии   ҲХДТ, муовини  раиси  ноҳия  Азимзода Машҳура, раиси  Кумитаи  иҷроия Ализода  Сурайё  сарҳадбононро  ба  Рӯзи  касбияшон  табрику  муборакбод  гуфта қайд намуданд, ки  Ватани  азизи  мо-Тоҷикистони  соҳибистиқлол хонаи  умеди тамоми  тоҷикони ҷаҳон  мебошад ва он сарзаминест, ки аз  он  бӯи хоки  ниёгон ба  машом  мерасад. Ин  сарзаминест, ки зану  фарзанд, модару  хоҳар ва додару дигар  пайвандонамон зиндагӣ  мекунанд.  Пас   муҳофизати  он на  танҳо  вазифаи  муқаддаси  шаҳрвандӣ, балки  қарзи инсониву  имонӣ  ва  виҷдонии  ҳар  як  шаҳрванди  кишвар  аст. Аз  ин  лиҳоз барои  ҳар  як  афсару  сарбози кишвар  ҳидоятҳои  падаронаи  Пешвои  миллат, яъне ифтихори миллӣ, зиракӣ  ва  ҳушёрии  сиёсӣ бояд  муҳимтарин  силоҳ  бошад. Садоқати  шумо ба Президент  садоқат  ба  Ватан   аст.

Пас анҷоми мулоқот аз  ҷониби  кормандони  бахши  фарҳанги  ноҳия  барои  болида   намудани   руҳияи  сарҳадбонон   барномаи  рангини  фарҳангӣ  пешниҳод карда  шуд.    

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg