![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/IMG_20210531_102049.jpg?itok=Ws8ueZWw)
ФАРХОР. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб оид ба баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин васила муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар доираи Амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади муайян намудани шаҳодатномаҳои ҳизбии аъзои ташкилоти ибтидоии “Мубориза бар зидди бемориҳои пӯсту зуҳравӣ” ба ташкилоти ибтидоии мазкур ташриф оварданд.
Зимни санҷиши шаҳодатномаҳои ҳизбӣ маълум гашт, ки ҳамаи аъзои ташкилот бо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ таъмин мебошанд.
Масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ бошад дар ташкилоти ибтидоӣ ба танзим дароварда, шуда, оид ба ҳаракати аъзои ҳизб ҳар охири моҳ ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ҳисобот пешниҳод мекунанд.